Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 феврал ба ифтихори таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни ҳарбиро барои хизмати намунавии ҳарбӣ, саҳми арзанда дар таҳкими артиши миллӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, 4 нафар бо ордени “Спитамен дараҷаи II”, 5 нафар бо медали “Ҷасорат”, 5 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 2 нафар бо медали “Шафқат” ва 12 нафар бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бо фармонҳои Президент ба вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо рутбаи навбатии ҳарбии генерал-полковник, ба генерал лейтенанти гвардия Раҷабалӣ Раҳмоналӣ - муовини якуми раиси КДАМ, Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ рутбаи генерал - полковник дода шуд.

Генерал - майор Собирзода Эмомалӣ - Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, муовини якуми вазири мудофиаи ҶТ ба рутбаи генерал-лейтенант, генерал - майор Файзизода Латифҷон Мирзо - мушовири Вазири мудофиа барутбаи навбатии генерал-лейтенант соҳиб шуданд.

Ба полковник Шараф Эгамзод - муовини сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ рутбаи генерал - майор, ба полковник Меҳваршо Донаёрзода - сардори раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа - генерал-майор, ба полковник Саёрабек Бачабекзода - сардори раёсати қушунҳои муҳандисии ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ рутбаи генерал - майор, ба полковник Ихтиёр Охунзода - муовини аввали фармондеҳ, сардори сарситоди қушунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳ - генерал - майор, ба полковник Темур Қурбонов - муовини аввали фармондеҳ, сардори Сарситоди қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳ - генерал - майор, ба полковник Фозил Раҳимов сардори раёсат оид ба масъалаҳои амнияти ҳарбӣ дар котиботи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ рутбаи низомии генерал - майор тақдим шуд.

Ҳамчунин ба полковники адлия Сулаймон Султонзода - директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ рутбаи махсуси генерал - майори адлия ва ба Зайниддин Каримзода - командири бригадаи посбоникунандаи рақами 6593-и сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ рутбаи генерал-майори адлия супорида шуд.

Ҳамчунин бо Фармони Президенти Вайсиддин Боронзода - командири қисми ҳарбии 02011 қушунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Хушбахт Миравар - муовини аввали сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Бахтиёр Муминзода - командири қисми ҳарбии 01972 қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Мӯсо Одиназода - сардори раёсати ташкил ва сафарбарӣ, муовини сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ бо ордени “Спитамен дараҷаи II” сарфароз гардонида шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.