Чорабиниҳои асосӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз рӯзи 21 март бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент баргузор мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯз дар Панҷакент бо иштироки Сарвари давлат дар ин ҷо як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Ғайр аз ин, бино ба иттилои манбаъ, чорабиниҳои ҷашни Наврӯз бо иштироки Президент санаи 23 март дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ва рӯзи 25 март дар маҷмааи Наврӯзгоҳи пойтахт низ доир мегарданд.

Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт ҷашни Наврӯз 21 март таҷлил мегардад.

Ҳамчунин ба муносибати ҷашни Наврӯз мақомоти шаҳрдории пойтахт мусобиқаҳои пойгаи аспдавонӣ ва гуштини миллӣ барпо мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.