Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, бахшида ба «Рӯзи Модар» ва ҷашни байналмилалии «Наврӯз» ба ҳар кадоме аз 2 ҳазору 920 нафар занону бонувони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои шаҳрдорӣ 1000-сомонигӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Дар қарори раиси пойтахт қайд мешавад, ки ин иқдом дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ сурат гирифта, мукофотпулӣ ба ҳамаи коргароне, ки дар тозагию ободонии пойтахт ва биноҳои маъмурӣ саҳми арзанда доранд, тақдим мешавад.

Гуфта мешавад, бо ин мақсад Сарраёсати  молияи шаҳри Душанбе ба ҷудо кардани 2 млн. 920 ҳазор сомонӣ  аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе уҳдадор шудааст.

Ба муовинони раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахт дастур дода шудааст, ки то 6 марти соли 2018 ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағҳои ҷудогардидаро ба коргарон тибқи рӯйхат чораҳои зарурӣ андешанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.