Он аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, танҳо баъди ваколатҳояшро супурдани президенти ҳозира, ба он воситаҳо гузаронида мешаванд.

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи палатаи поёнии парлумон ба қонун «Дар бораи молияи давлатӣ» тағйирот ворид шуд, ки дар он таъсиси Фонди Пешвои миллат пешбинӣ шудааст.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод қайд кард, ки дар тағйирот таъсиси Фонди Пешвои миллат дар назар буда, он аз ҳисоби буҷети давлатӣ сармоягузорӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола аз ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 0,2 фоиз воситаҳо ба ин Фонд гузаронида мешаванд (масалан, имсол ин - 42 млн. сомонӣ ё худ 4,6 млн. доллар аст).

Тартиби истифодаи воситаҳои Фондро худи Пешвои миллат, яъне президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муайян мекунад.

Вазири адлия илова намуд, ки интиқоли воситаҳо ба Фонди зикршуда танҳо баъди ваколатҳояшро супурдани президенти ҳозира оғоз мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.