Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 майи соли равон маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар кори маҷлис “Дар бораи Номгӯи объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ” гузориши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди ҳукумат Ҷамшед Аҳмадзода ва “Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ “Дар бораи  Буҷети  давлатии ҶТ барои соли 2018”  гузориши Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Ҳамчунин дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” шахсони масъул гузориш доданд.

Баъди муҳокима лоиҳаҳои қонунҳои номбаршуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳамчунин 13 хулосаи Ҳукумати ҶТ ирсол гардид, аз ҷумла: “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳамкории наздисарҳадӣ”.

Аъзои ҳукумати Тоҷикистон дар кори маҷлис ҳамчунин нисбат ба як қатор қарорҳои Ҳукумати ҶТ, аз ҷумла Дар бораи Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ барои солҳои 2018-2022 ва Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Дар бораи таҷлили 550-солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ ва 400-солагии ситоишгари фарҳанги шаҳрдорӣ, суханвари бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Дар охири кори маҷлис Президенти кишварЭмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ оид ба иҷрои масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, дар амал татбиқ кардани дигар супоришҳои ҳукумат, аз қабили вусъати корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тозаю озода кардани кӯчаю хиёбонҳо, шаҳру ноҳия ва деҳоти кишвар, шинонидани гулҳои мавсимӣ, захира ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, дастурҳои мушаххас дод.