Собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо хоҳиши худаш аз ваколатҳояш дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон - муовини аввали раиси палатаи болоии парлумон даст кашид, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумон.

Бино ба гуфтаи манбаъ, санаи 22 июн дар Хуҷанд иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд доир гардида, дар он номзадии узви нави Маҷлиси миллӣ аз вилояти Суғд баррасӣ мешавад.

Ба эҳтимоли манбаъ, ба узвият дар Маҷлиси миллӣ пешбарии номзадии раиси амалкунандаи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадозода дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 нафар узви Маҷлиси миллиро Президенти Тоҷикистон таъин мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.