Зимни суханронии имрӯза дар парлумон раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон Саидҷаъфар Исмонов изҳор намуд, ки баъзе кормандони сохторҳои қудратии машғули кор дар ситодҳо оид ба ҳалли мушкилот дар бахши бонкӣ нисбати кормандони бонкҳои дучори мушкилот номуносиб рафтор мекунанд.

«Кормандони сохторҳои қудратӣ нисбати хизматчиёни бонкҳои дучори мушкилот - «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва бонкҳои барҳамхӯрда - «Тоҷпромбонк» ва «Фононбнк» чун ба ҷинояткорон рафтор мекунанд», - иброз дошт сиёсатмадор.

Вакил бар ин назар аст, ки кормандони сохторҳои қудратӣ саҳми назарраси кормандони бахши бонкиро дар рушди кишвар нодида мегиранд.

«Онҳо намехоҳанд бифаҳманд, ки ба шахсиятҳое чун Муродалӣ Алимардон, ки дар саргаҳи роҳандозии фаъолияти бахши бонкӣ дар Тоҷикиситони соҳибистиқлол қарор доштанд, набояд чун ба ҷинояткор рафтор намуд», - гуфт вакил.

Ба қавли ӯ, дар солҳои аввали ба соҳибистиқлолӣ расидан Муродалӣ Алимардон барои рушди кишвар ва мардуми он корҳои зиёдеро ба сомон расонид ва имрӯз мутахассиси эътирофшудаи бахши бонкии Тоҷикистон дар сохторҳои молии байнулмилалӣ дониста мешавад.

«Имрӯз ӯро ба ситодҳо бурда, дағалона рафтор мекунанд ва ман мехоҳам, ки президенти Тоҷикистон инро донад», - изҳор дошт Исмонов.

Ба гуфтаи вакил, соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон барои ҳаллу фасли мушкилоти бонкҳо наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо кард.

«Лекин вазири ҳамонвақтаи молияи кишвар Абдусалом Қурбониён аз ҳисоби ин воситаҳо пеш аз ҳама мушкилоти Вазорати молияро ҳал кард, қарзҳои қаблан ҷудокардаашро баргардонид ва дар ҳамин ҳол, бонкҳоро ҷарима ва амволашонро ба ҳабс гирифт», - таъкид дошт вакил.

Зимнан зикр шуд, ки имрӯз Бонки миллии Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ дар ин соҳа кӯшиш дорад ва ба баъзе натиҷаҳои мусбат ноил гардидааст.

«Имрӯз Бонки миллӣ бояд зербинои бонкҳои зикршуда, анбору филиал, банкомат, наклиёт, бино ва таҷрибаи ҳайати шахсии онҳоро истифода кунад», - таъкид дошт Исмонов.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, ки то имрӯз возеҳ нест, ки Бонки миллӣ барои ҳалли ин масъала чӣ кор мекунад.

«Мушкилоти чор бонки Тоҷикистонро имрӯз метавон буҳрони бонкӣ дар кишвар номид ва барои бузургмиқёстар нашудани мушкилот, чораҳои таъҷилӣ андешидан зарур аст», - зикр кард Зуҳуров.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.