Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи амният»-ро маъқул шуморид.

Мувофиқи онҳо, минбаъд Котиботи Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба тобеъияти Дастгоҳи иҷроияи президент гузаронида мешавад.

Муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров зимни суханронӣ назди вакилон изҳор намуд, ки то қабули тағйироту иловаҳо, котиботи Шӯрои амният ҳамчун сохтори мустақилонаи давлатӣ амал мекард.

Ёдрас мекунем, ки аз 5 январи соли 2012 Абдураҳим Қаҳҳоров ба ҳайси котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон фаъолият дорад. Аз соли 2016 раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат Озода Раҳмон аст.