Палатаи поёнии парлумон имрӯз аз тағйироту иловаҳо ба чанде аз моддаҳои Кодекси ҷиноӣ ҷонибдорӣ намуд, ки мувофиқи он минбаъд порагирону порадеҳон ҷарима нашуда, балки бо қарори суд ба зиндон маҳкум мешаванд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар ин робита муовини роҳбари Агентии зиддифасод Тоҳир Нурзода изҳор намуд, ки аз ин ба баъд шахсоне, ки вобаста ба ҷиноятҳои коррупсионӣ маҳкум мешаванд, дигар ба ивази пардохти ҷарима озод шуда наметавонанд.

Тибқи тағйироту иловаҳои воридшуда ба Кодекси ҷиноӣ аз соли 2016, шахсоне, ки барои порагириву порадиҳӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуданд, ба ивази ҷарима озод шуда метавонистанд. Барои як рӯзи ҷазо 200 сомонӣ пардохт кардан зарур буд.

Имрӯз вакилони мардумӣ бо дархости ҳукумат ин тағйироту иловаҳои қабулшударо бекор карданд.

Тоҳир Нурзода қайд кард, ки тағйироту иловаҳои соли 2016 қабулшуда ба коҳиши ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидат накарда, баръакс солҳои охир порагириву порадиҳӣ дар Тоҷикистон тамоили афзоиш дорад.

Айни замон мутобиқи меъёрҳои моддаи 319 Кодекси ҷиноии ҶТ барои ҷиноятҳои марбут ба порагирӣ ҷазои аз 5 то 12 соли зиндон ва дар баъзе ҳолатҳо бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи 320 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои порадиҳӣ аз 5 то 10 соли зиндон бо мусодираи амвол ҷазо муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.