Дар интихоботи пешазмуҳлати вакил ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки санаи 17 июн дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ванҷ доир гардид, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муовини аввали раиси ВМКБ Нуралӣ Риёев аксарияти кулли овозҳои интихобкунандагонро соҳиб шуд.

Ба тарафдории номзади ягона ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ин ҳавзаи интихоботӣ, ки бидуни ҳарифон баргузор шуд, 98,7%-и интихобкуандагон раъй доданд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси ВМКБ.

Қобили зикр аст, ки интихоботи пешазмуҳлат дар ҳавзаи интихоботии Ванҷ бинобар сабаби даргузашти бемаҳали вакили Маҷлиси намояндагон аз ин ҳавза Муҳаббатшо Рӯзадор санаи 19 март сурат гирифт.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 63 нафар вакилон иборат аст, ки 22 нафар мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ ва 41 нафар - дар ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.