Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис “Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати ҶТ дар нимсолаи дуюми соли 2018” ва “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ” шахсони масъул ҳисобот доданд.

Ҳамчунин дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, Оид ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминотӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” гузориши шахсони масъул шунида шуд.

Гуфта мешавад, баъди муҳокима лоиҳаҳои қонунҳои номбаршуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

1/4

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ҳамчунин дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ” ирсол гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қарорҳои ҳукумат “Дар бораи Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии  иҷтимоӣ  дар  ҶТ барои солҳои 2018-2020”, “Дар бораи арзёбии самаранокии фаъолияти агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ” ва “Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар  Тоҷикистон” баррасӣ карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.