Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, пеш аз ҳама намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар мавриди муайян кардани оилаҳои камбизоат дар ҷумҳурӣ мавриди интиқод қарор дод.

Раиси парлумон мутмаин аст, ки ҳеҷ кас дар ҷумҳурӣ бо кадом меъёр ва нишондиҳандаҳо муайян кардани сатҳи камбизоатиро намедонад.

«Ба ақидаи ман, агар Вазорати тандурустӣ аз 100 оилаи яке аз деҳаҳои кишвар 6-тоашро камбизоат муайян кардаву ба онҳо дар як сол 400 сомонӣ кумаки унвонии иҷтимоӣ ҷудо шавад, пас дар ин бора бояд ҳамаи аҳолии он деҳа огаҳу мувофиқ бошанд», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти оморӣ давоми 12 сол - аз соли 2003 то соли 2015 дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ аз 73% то ба 31% поин бурда шуд.

«Ин маълумоти оморӣ аз куҷо гирифта мешавад? Аз ин рӯ, аз Вазорати тандурустӣ дархост мекунам, ки ба парлумон дар бораи чӣ гуна ва бо кадом тарз муайян кардани оилаҳои камбизоат дар ҷумҳурӣ ҳисоботи мушаххас пешниҳод намояд», - гуфт Зуҳуров.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала раиси Кумитаи молия ва иқтисоди парлумон Шариф Раҳимзода қайд кард, ки коҳиш ё болоравии сатҳи камбизоатиро Агентии омор аз рӯи натиҷаҳои назарсанҷиҳои иҷтимоӣ ҳар се моҳ муайян мекунад.

Дар ин робита Зуҳуров изҳор намуд, ки дар ҷумҳурӣ оилаҳое ҳастанд, ки амволи худро рӯйпӯш сохта, аз давлат кумаки иҷтимоӣ мегиранд ва дар ҳамин ҳол, оилаҳои воқеъан ҳам ниёзманд ба кумак дар канор мемонанд.

Ӯ таъкид дошт, ки дар бисёре аз минтақаҳои кишвар натанҳо аҳолӣ, балки намояндагони ҳокимияти давлатӣ низ дақиқан намедонанд ва ё баъзан тасаввурот ҳам надоранд, ки ба оилаҳои муҳтоҷ аз рӯи кадом нишондиҳандаҳои кумаки унвони иҷтимоӣ расонида шавад.

Дар парлумон зикр гардид, ки аввали соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон наздики 50 ҳазор оилаҳои камбизоатро муайян намуд, ки дар як сол дар ҳаҷми 400 сомонӣ кумаки якдафъаинаи молиявӣ гирифта, ба ҳудуди 77 ҳазор оилаҳо барои пардохти пули барқ ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ имтиёзҳо дода шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.