Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум санаи 11 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт баргузор мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, мувофиқи қарори баимзорасидаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин робита, дар рӯзномаи маҷлис баррасии масъалаҳои ҳолати рушди соҳаи саноат, фаъолияти соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ, андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини рушди устувори иқтисодии шаҳри Душанбе ва рафти татбиқи барномаву нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар қарор аз вз вакилон дархост шудааст, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.