Дар Бӯстонсаройи шаҳрии ҳукумат таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Раиси Шӯрои миллии рушд Эмомалӣ Раҳмон Ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рӯзномаи ҷаласа танҳо аз як масъала - муаррифии “Ҳисоботи миллӣ оид ба натиҷаҳои фосилавии ҷараёни татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор” иборат буд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки афзалиятҳои асосии рушди кишвар дар давраи дарозмуҳлат масъалаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, шуғл, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани кишвар, мубориза алайҳи зуҳуроти коррупсионӣ, идоракунии самаранок, ҳифзи экология ва идоракунии равандҳои демографиро фаро мегиранд.

Дар доираи рӯзномаи ҷаласа вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ҳисобот дод.

1/10

Ҳамчунин дар баррасии масъалаи рӯзномаи ҷаласа Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, роҳбари дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерз, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидайет Бишчевич иштирок карда, пешравиҳои назаррасро дар фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон оид ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ ва таъмини рушд эътироф намуданд.

«Баромадкунандагон ба ин тадбирҳо баҳои мусбӣ дода, иброз доштанд, ки ҳамкориҳои устувор бо шарикони рушд барои тақвият бахшидан ба раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ минбаъд низ идома меёбад», - гуфта мешавад дар хабар.

Кори ҷаласаро Президенти Тоҷикистон, Раиси Шӯрои миллии рушд Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи шарикони рушд барои иштироки фаъол дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Зимни суханронии ҷамъбастӣ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар робита ба масъалаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки тайи ду соли охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 1,3 фоиз поин рафта, ба аавали соли ҷорӣ 29,7 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи синфи миёна бошад, ба 24 фоиз расид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.