Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Илёс Идрисзода сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони Президенти мамлакат, ҳамзамон Илёс Идрисзода аз вазифаи муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон озод карда шуд.

Бо фармони дигари сарвари давлат, Назар Аслам Тура бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ озод карда шуд. Ба кадом вазифа  таъин шудани генерали Қушӯнҳои сарҳадӣ зикр намегардад.

Қобили зикр аст, ки Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон бо фармони Президенти ҶТ аз 5 апрели соли равон таъсис дода шуд. Таъмини фаъолияти ҳамаи шумори ҳайати шахсӣ (штатӣ)-и иҷрочиёни суди Вазорати адлия (24 воҳид), судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ (253 воҳид) ба дӯши ин ниҳод вогузор шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.