Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз, 16 июл дар Фарғона бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дидору гуфтушунид мекунад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ба ҳайати Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамчунин роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва сохторҳои иқтисодии ҳарду кишвар шомиланд.

Дар мулоқоти ҳайати ҳукуматҳои ҳарду кишвар ба баррасии масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба, пеш аз ҳама, ба ҷараёни омодагӣ ба дидору гуфтушуниди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи олӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ҷонибҳо рафти амалисозии созишнома ва қарордодҳоеро, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи март ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, низ баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилои як манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми моҳи августи соли равон бо сафари ҷавобии давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.