Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамарӯза бо арзу шикоят ва пешниҳодҳои марбут ба мушкилоти пойтахт, ки корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook матраҳ месозанд, шахсан шинос мешавад.

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон итминон дод, ки ҳеҷ кадоме аз арзу шикоят бе таваҷҷуҳ намемонад.

Ба гуфтаи ӯ, қабули шаҳрвандон дар мақомоти шаҳрдории Душанбе мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда сурат мегирад.

«Ба ҷуз, арзу шикояти мустақим, сокинон аксар вақт рӯи сафҳаи шабакаҳои иҷтимоӣ мушкилотро меоранд. Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо ҳамаи пешниҳод ва арзу шикоятҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook шахсан шинос мешавад. Ба ҳамаи мушкилот таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Пешниҳод ва эътирозҳои асосёфта мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои ҳалли онҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Баъзе масъалаҳо таъҷилан ва чандеи дигар мувофиқи имкон каме бо таъхир баррасӣ мешавад», - иброз дошт муовини аваали раиси шаҳр.

Дар ин робита ӯ муроҷиати занон ба раиси пойтахтро дар мавриди ҳимояи онҳо  аз «гаппартойиҳо»-и таҳқиромез дар кӯчаҳо аз ҷониби мардон мисол овард.

«Дар чораҷӯӣ оид ба ин масъала мақомоти шаҳрдорӣ дастур дод, ки гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, онҳо дар ҳамдастӣ бо фаъолони ҷомеаи ашҳрвандӣ байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Ғайр аз ин, дар ҷойҳои ҷамъиятии пойтахт ба таври иловагӣ 250 адад камераҳои мушоҳидаи берунӣ гузошта шуда, вазъи равшанидиҳии кӯчаҳои шаҳр беҳтар карда мешавад», - гуфт Зувайдзода.

Дар ҳамин ҳол, муовини аввали раиси шаҳр ҳамчунин қайд кард, ки Рустами Эмомалӣ дар шабакаи Facebook саҳифаи шахсӣ надошта, ҳамаи се саҳифае, ки имсол дар шабакаи иҷтимоӣ пайдо шуда, аллакай наздики 2 ҳазор нафар дӯстон доранд, қалбакӣ аст. «Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи расмӣ надорад», - афзуд ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.