Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар робита ба ҳалокати сайёҳон дар ноҳияи Данғара рӯзи 29 июл ба Президенти ИМА Доналд Трамп, Подшоҳи Шоҳигарии Нидерландия Виллем-Александр ва  Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Берсе барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар барқияҳо қайд мешавад, ки марги фоҷебаори ду шаҳрванди ИМА, як шаҳрванди Нидерланд ва як шаҳрванди Швейтсарияро бар  асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи сайёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳо дар Тоҷикистон бо андӯҳи бузарг ва таассуфи бепоён қабул карданд.

«Ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд», - таъкид мешавад дар барқияҳо.

Дар барқияҳо Сарвари давлати Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ба наздикону пайвандони сайёҳони фавтида ҳамдардиву тасаллияти амиқ расонида шавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 июли соли 2018, соати 15.30-дақиқа, ҳангоми ҳаракати велосипедронони хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи ронандаи нақлиёти ба тафтишот номаълум пахш карда шуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса 3 нафар хориҷиён дар ҷои ҳодиса ва 1 нафар дар беморхонаи ноҳияи Дангара ба ҳалокат расиданд.

Амалиёти ошкор ва дастгир кардани шахсони ба инҳодиса дастдошта зери назорати шахсии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо дастури Роҳбари давлат тамоми ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ барои дастгир кардани ҷинояткорон сафарбар карда шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.