Дар вилояти Суғд ва ВМКБ охири ҳафтаи гузашта ба ивази се узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки ваколдатҳояшон қатъ гардида буд, интихоботи пешазмуҳлат доир гардид.

Интихоботи пешазмуҳлати вакилони нави палатаи болии парлумони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва Хоруғ баргузор шуд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони кишвар.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ноҳияи Рӯшон Имомназар Хоҷаназар ва раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода аъзои нави Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд.

Охири моҳи апрели соли ҷорӣ соиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, шаҳри Истаравшан Наим Набизода ва шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева бо хоҳиши худ аз ваколатҳои узви Маҷлиси миллӣ даст кашиданд. Ваколати Қодирӣ ба сифати муовини раиси палатаи болоии парлумон низ қатъ шуд.

Қобили зикр аст, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 нафарро президенти кишвар бо фармони худ таъин мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.