Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз сохтмони биноҳои пастошёна дар марказҳои маъмурии ҷумҳурӣ даст кашад.

Дар қарори қабулшуда санаи 21 июн дар ин робита қайд мешавад, ки бо назардошти рушди минбаъдаи шаҳрсозӣ ва маҳдудияти қитъаҳои замин дар кишвар, дар маҳаллаҳои аҳолинишини қисмати марказӣ, хиёбон ва кӯчаҳои асосии марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар сатҳи на камтар аз панҷ ошёна амалӣ шавад.

«Бо мақсади ҳифз, истифодаи оқилона ва пурсамари заминҳои обёришаванда ва пешгирии камшавии майдонҳои заминҳои кишт, зимни таҳияи нақшаҳои генералии рушди марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо ҳудудҳои мавҷудаи қаламрави онҳо ва деҳоти ҳамроҳшуда ба инобат гирифта шуда, бидуни асос гирифтани заминҳои кишоварзӣ ва ба таври иловагӣ ҷудо кардани онҳо барои сохтмони биноҳои истиқоматии шахсӣ ба истиснои ҷойгир шудани иншооти таъиноти стратегӣ ва истеҳсолӣ манъ карда шавад», - қайд мегардад дар санад.

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон начандон зиёд хонаҳои баландошёна сохта мешуданд, чунки ҷумҳурӣ дар минтақаи аз нигоҳи заминҷунбӣ хатарнок ҷойгир аст. Лекин коршиносон мегӯянд, зимни лоиҳакашии сохтмони биноҳо дар пойтахт тобоварии онҳо ба заминларзаи 9-балла ба назар гирифта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.