Ҳодисаи фоҷеабори чанде қабл дар ноҳияи Данғара, ки ба ҳалокати сайёҳони хориҷӣ боис гардид, дар маҷлиси навбатии ҳукумат таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қурбониёни ин ҳодисаи фоҷеабор дақиқаи хомӯшӣ эълон кард.

Гуфта мешавад, сипас, оид ба рафти тафтишоти ҳодиса гузориши Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саимумин Ятимов шунида шуд.

Таъкид гардид, ки бо дастури Пешвои миллат аз ҳисоби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, амният ва мақомоти прокуратура гурӯҳи махсуси фаврӣ - ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуд. Барои ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, дар кутоҳтарин муҳлат чанд тан аз аъзои гурӯҳи ҷинояткор дастгир шуд.

1/7

Дастур дода шуд, ки дар саросари кишвар тартиботи ҷамъиятӣ таъмин ва тадбирҳои амниятӣ пурзур карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари ҳамла ба як гурӯҳи сайёҳони хориҷии велоспедрон дар ноҳияи Данғара 4 нафар ба ҳалокат расида, се тани дига ҷароҳат бардоштанд.

1/2

Дар ҷараёни амалиёти махсуси сохторҳои қудратии кишвар чор нафар ҷинояткорон кушта, боз чанд каси дигар ба гумони даст доштан дар ин амал боздошт шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.