Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 2 август аз тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба баъзе моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ ҷонибдорӣ намуд. Дар тағйироту иловаҳо барои ришвахӯрӣ бо ҳукми суд ҷазои маҳруммият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Узви Маҷлиси миллӣ (сенатор) Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ зимни суханрониаш қайд кард, ки мувофиқи тағйироту иловаҳо, шахсони маҳкумшуда барои ҷиноятҳои марбут ба ришвахорӣ дигар ба ивази супоридани ҷарима озод шуда наметавонанд. Онҳо дар маҳбас адои ҷазо мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки 10 феврали соли 2016 палатаи поёнии парлумон тағйироту илова ба чанде аз моддаҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро, ки дар он ивази ҷавобгарии ҷиноӣ ба ҷарима барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба ришвахорӣ пешбинӣ  гардида буд, маъқул шуморид.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои он замон қабулшуда, шахсони барои ҷиноятҳои дар боло зикргардида маҳкумшуда ба ивази ҷарима озод шуда метавонистанд.

Ҳамин тариқ, шахсони маҳкумшуда бо пардохти ҷарима дар ҳаҷми 200 сомонӣ барои ҳар як рӯзи ҳузур дар муассисаи ислоҳотӣ, ба озодӣ баромада метавонистанд.

Он замон дар парлумон зикр карда буданд, ки “ин ташаббуси ҳукумати кишварро метавон иқдоми башардӯстона унвон кард”.

“Тағйироту иловаҳои моҳи феврали соли 2016 қабулшуда ба коҳиши сатҳи коррупсия мусоидат накарда, баръакс тайи солҳои охир ришвахорӣ дар Тоҷикистон тамоили устувори афзоишро касб кардааст”, - изҳор дошт муовини роҳбари Агентии зиддифасод Тоҳир Нурзода.

Айни замон мутобиқи меъёрҳои модда 319 Кодекси ҷиноии ҶТ, барои ҷиноятҳои марбут ба ришвахорӣ ба муҳлати аз 5 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи 320 Кодекси ҷиноятии ҶТ барои порадиҳӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо мусодираи амвол ҷазо таъин гардидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.