Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур дод, ки иншооти шаҳри Душанбе то 15 сентябр ба қабули энергияи гармӣ ва оби гарм омода карда шаванд.

Муовини сарвазир субҳи имрӯз аз Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе-1, Душанбе-2, дегхонаҳои ғарбӣ ва шарқии шаҳр, ҳамчунин аз ҶСК “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” боздид намуд.

Азим Иброҳим изҳор намуд, ки соли равон шумори хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки ба низоми мутамаркази гармидиҳии шаҳр пайваст мешаванд, 1 ҳазору 700 ададро ташкил хоҳад дод.

Ғайр аз ин, боз пайвасти 100 биноҳои баландошёна ба низоми мутамаркази гармидиҳӣ ба нақша гирифта шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

“Танҳо дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт соли гузашта 16 хонаҳои  баландошёна ба низоми қабули гармӣ пайваст шуда, ин рақам имсол 56 ададро ташкил хоҳад дод” – гуфт муовини сарвазир.

Дар ин робита Азим Иброҳим ба сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки то оғози мавсими гармидиҳӣ шумори иншооти насбшуда ба низоми мутамаркази гармидиҳиро ҳарчи бештар зиёд кунанд.

Қобили зикр аст, ки имсол Маркази барқи гармидиҳии Душанбе-1, дегхонаҳои шарқӣ ва ғарбӣ бо истифода аз гази табиӣ барқ ва гармӣ истеҳсол мекунанд, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол имкон медиҳад.

Муовини сарвазир доир ба бунёди силсилаи ягона дар низом, ки ба он истеҳсол, интиқол, қабул ва пардохти саривақтии истифодаи гармӣ дохил шавад, дастуру супоришҳо дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.