Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ният дорад, ки бо пешниҳоди ҳукумат ба нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2018 тағйироти навбатӣ ворид намояд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ.

Ин дафъа ҳукумат аз вакилон дархост кардааст, ки ширкати «Сафед-Дара» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ барои ворид кардани таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон озод карда шавад.

Номгӯи таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон, ки дар муддати як сол ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Техника аз ҳисоби воситахои худи ширкат харида мешавад. Дар бораи чӣ миқдор маблағ ворид нашудан ба буҷети ҷумҳурӣ аз иҷрои ин кор маълумот дода нашуд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ширкати «Сафед-дара» дар ноҳияи Варзоб бо номи «Дуои Модар» истироҳатгоҳи нав месозад. Истироҳатгоҳ бо сарфи 10 миллион сомонӣ (беш аз 1,1 млн. доллар) маблағҳои ширкати «Сафед-дара» (маҳз ҳамин ширкат қаблан маҷмааи лижаронию сайёҳии ҳамномашро сохта буд) бунёд мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.