Субҳи имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон нахуст Беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳии ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити фароҳамовардаи ин иншооти тандурустӣ шинос ва ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дод.

Бинои  Беморхонаи касалиҳои  рӯҳӣ дар майдони қариб 2 гектар доман густурда, дорои 129 ҳуҷра ва 84 кат барои бистарикунонии беморон мебошад. Бино аз ду ошёна иборат буда, се бинои ба ҳам пайвастро дарбар мегирад ва дорои ҳама шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ ба маризон мебошад.

Гуфта мешавад, дар беморхона се шуъба, аз ҷумла мардона, занона ва кӯдакона ба беморон хизмат мерасонад. Ҳама ҳуҷраҳои табибону маризон ба системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст буда, тавассути қувваи барқ ва ангиштсанг гарм карда мешаванд. Беморхона ҳамчунин дорои ҳамом, утоқи либосшӯйӣ буда, дар он чор ошхона низ бунёд гардидааст.

Дар ноҳияи Роштқалъа Президенти мамлакат ҳамчунин бо гузоштани санги асос ба сохтмони 2 бинои истиқоматии 5-ошёнагӣ ҳар кадоме бо 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ ҳусни оғоз бахшид.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки биноҳо ҳар кадоме дар масоҳати 2 ҳазору 486 метри мураббаъ сохта мешаванд. Тибқи лоиҳа дар ҳавлии биноҳои 5-ошёнаи ноҳияи Роштқалъа, ки барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ шудааст, ҳамчунин зеристгоҳ, дегхона, майдончаҳо барои бозии кӯдакона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки тайи 10 соли охир барои иҷрои корҳои созандагӣ ва дастгирии буҷети ноҳия аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 155 миллион сомонӣ маблағ хароҷот гардида, давоми се соли оянда барои ҳалли мушкилоту масъалаҳои ноҳия ва таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии он равона кардани боз зиёда аз 50 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.