Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ охири ҳафтаи сипаршуда барои оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сохтмони биноҳо дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсоя бо маблағи 1,5 миллиард юани хитоӣ (ҳудуди 220 млн. доллар) амалӣ карда мешавад.


Баъди гузоштани санги асос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян бо лоиҳаҳои сохтмони биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон шинос шуданд.


Иттилоъ дода шуд, ки бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз - 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

Бинои ояндаи парлумони Тоҷикистон

Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад. Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад.

Бинои ояндаи ҳукумати Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамин рӯз дар Қасри миллат Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсянро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.


Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот аз иштироки фаъоли Ҳукумати Чин дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, имзои Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин, ки ба татбиқи ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” ва “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030”  нигаронида шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот оид ба ҳаҷми гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, ҷалби сармояи Чин дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳ, табодули андеша карданд.


Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, бо Чин дар самтҳои барои ҷонибҳо судовар, бо роҳи ҷалби сармоя, воридоти технология ва таҷҳизот, истифодаи имкониятҳои “Хазинаи Роҳи абрешим”, таъсиси “Хазинаи сармоягузории Тоҷикистон ва Чин” барои рушди бахши истеҳсолӣ, инфрасохтор, соҳибкории хурду миёна ва туризм, ҳамкориро ба роҳ монад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, содироти меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба бозорҳои Чин, ҷалби сармоя барои рушди зерсохтори соҳаи туризм ва густариши ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.


Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкории Тоҷикистону Чинро дар самти таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.