Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Бӯстон пояи Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо баландии 48 метр қомат афрохта, 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Гулгашти “Парчами давлатии Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон дар масоҳати 2 гектар замин бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Дар гулгашт барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 30 адад нишастгоҳ насб гардида, ҳамчунин 3 фаввора ва 4 гузаргоҳи ороишӣ ҷой дода шудааст.

Гулгашти мазкур дар масоҳати 4800 метри мураббаъ сабзазор ва гулкорӣ гардидааст. Барои нигоҳдории мошинҳо таваққуфгоҳ бо сад ҷой сохта шудааст. Он дар муддати бештар аз ду моҳ бо ҷалби 60 нафар коргари маҳаллӣ қомат афрохтааст. Дар ин мавзеи истироҳатӣ 50 адад чароғҳои гуногун бо баландии аз 3 то 20-метр насб гардидааст ва шабонгоҳ гулгашти мазкур хеле зебою назаррабо ба назар мерасад.

1/15

Қобили зикр аст, ки дар чараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд нимаи дуюми рӯзи 22 октябр Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаҳои боғдорӣ ва моҳипарварӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд.

Дар деҳоти Гулхонаи ноҳия Сарвари давлат нахуст ба Хоҷагии деҳқонии “Фазлиддин” ташриф овард. Аъзои хоҷагӣ дар ихтиёри худ 7 гектар замин дошта, дар он парвариши пахта, боғот ва зироатҳои ғалладонагиро ба роҳ мондаанд. Аз майдони умумии боғоти хоҷагӣ дар 2 гектараш дарахтони хурмо парвариш меёбад.

Худи ҳамин рӯз дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи даромадноки моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар як кули махсус беш аз 10 ҳазор моҳии навъҳои “карп”, “пешонапаҳни сафеду ало” ва “амури сафед”-ро сар дод.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Корхонаи мазкур дар деҳоти Ғозиёни ноҳия дар масоҳати 6 гектар замин бунёд ёфта, бо хати муосири истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Тибқи нишондиҳандаҳои техникӣ коргоҳи асфалтбарорӣ дар як соат иқтидори истеҳсоли 60 тонна асфалти гармро дорад. Бо истифода аз ин имконот минбаъд хароҷоти таъмири роҳҳои ҳудуди вилоят коҳиш ёфта, маҳсулоти аълосифати худӣ дар сохтмону таъмири роҳҳо истифода мегардад. Хати истеҳсолии сангмайдакунӣ бошад, имконият дорад, ки дар як соат то 30 метри мукааб маҳсулотро коркарду барои истифодабарӣ омода намояд.

Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар баробари хати истеҳсолӣ, ҳамчунин бо техникаи муосири роҳсозӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии соҳавӣ таъмин гардида, қудрати гузаронидани корҳои роҳсозиро дорад. Аз ҷумла, барои фаъолияти босамари коргоҳ 13 адад автогрейдер, 12 мумпошак, 12 мошини борбардор, 1 адад техникаи асфалтхобкунӣ, компрессор, роҳкӯбаки дастӣ ва дигар техникаву таҷҳизоти зарурӣ харидориву дастрас гардидааст.

Президент дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд имрӯз бинои нави Нозироти андозро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ дар масоҳати 16 500 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуд.

Гуфта мешавад, бинои наву замонавии Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Он дорои шаш ҳуҷраи барҳавои корӣ, толорҳои хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва бахши баҳисобгирии андозҳо ва хазинаи “Амонатбонк” мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази шаҳри Бӯстон, баъди азнавсозии куллӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.  Муҷассамаи наву барқади Садриддин Айнӣ бо баландии 5 метр қомат афрохта, пояи он 3 метр мебошад.

Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар масоҳати зиёда аз 7 гектар замин доман паҳн карда, яке аз ҷойҳои аслии сайру гашти сокинони шаҳр ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо 3 фаввора, амфитеатр бо 300 ҷойи нишаст, ду қаҳвахона, катҳои истироҳатӣ, шаршара, 80 адад нишасткурсиҳо, чархофалаку атраксионҳои замонавӣ барои сокинон, алахусус кӯдакон бунёд ва васлу насб гардидаанд.