Дар нуҳ моҳи соли 2018 аз 614 корхонаи саноатӣ дар вилояти Суғд 100 корхона ё аз шумораи умумӣ 17 фоиз бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарияти вилоят ҷиҳати ҳалли ин масъала дастур дод.

Дар фарҷоми сафари чоррӯзаи корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилоят машварати корӣ доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни машварат Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки дар нуҳ моҳи соли 2018 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти вилоят 107 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 110 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми онҳо мутаносибан ба 12,8 ва 8,1 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

Дар вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли 2018 ба 5,6 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 6,6 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 4,4 миллиард сомонӣ ё 7,6 фоиз ва чорводорӣ 1,2 миллиард сомонӣ ё 3,1 фоиз зиёд шудааст.

Дар баробари дастовардҳо Президент зикр кард, ки дар нуҳ моҳи соли 2018 аз 614 корхонаи саноатӣ 100 корхона ё аз шумораи умумӣ 17 фоиз бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст.

Гуфта мешавад, аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки доир ба фароҳам овардани шароит барои барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тадбирҳои дахлдор андешанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.