Ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 11 ноябр дар чорабиниҳои ёдбудии Ҷанги Якуми Ҷаҳон ва таҷлили садсолагии сулҳи соли 1918, ки дар мавзеи Аркаи триумфалии шаҳри Парижи Фаронса баргузор гардиданд, иштирок намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар рафти маъракаи мазкур, ки бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми даҳҳо кишвари дунё сурат гирифт, як силсила чорабиниҳои идонаи маросимӣ, аз ҷумла гузашти низомӣ, дақиқаи хомӯшӣ, иҷрои “Марселиеза” ва дигар суруду оҳангҳои мавзӯӣ, барафрохтани оташи ҷовидонӣдар назди мақбараи сарбози номаълум, инчунин суханронии Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон, барпо гардиданд.

Кабл аз чорабинии бахшида ба ёдбуди Ҷанги Якуми Ҷаҳон ва таҷлили садсолагии сулҳи соли 1918, санаи 10 ноябри соли 2018 дар Осорхонаи Орсэи шаҳри Париж ба муносибати ташрифи меҳмонони чорабинии болозикр намоишгоҳи асарҳои рассоми машҳур Пабло Пикассо баргузор гардид.

Дар ҳошияи иштирок дар намоишгоҳи мазкур дар Осорхонаи Орсэ мулоқотҳои арзи адаби роҳбари ҳайати расмии Тоҷикистон Ш.Зухуров бо як зумра роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон доир гардид, ки дар рафти он дуруду саломи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Фаронса расонида шуд.

Ҳамчунин дар шаҳри Париж ҳайати дар маросими ифтитоҳи Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуд.

Хӯроки субҳона дар Кохи Елисей
bykvu.com

Дар маросими ифтитоҳи нишасти мазкур, бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми 85 кишвари дунё, ноиби президенти Шӯрои тадорукоти Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ Триша Шетти, Президенти Фаронса Эммануэл Макрон, Канслери Олмон Ангела Меркел ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутериш суханронӣ намуданд.

Гуфта мешавад, Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ рӯзҳои 12-13 ноябр низ идома ёфта, дар он иштирокдорон масъалаҳои марбут ба мудирияти глобалӣ, аз ҷумла амният ва сулҳ, муҳити зист, рушди устувор, технологияҳои нав ва иқтисоди инклюзивиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Пас аз анҷоми суханрониҳои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо дар ҷаласаи пленарии Форум, роҳбари ҳайати Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров китоб таҳти унвони “Меъмори сулҳ”-ро (ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ) доир ба нақши таърихии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарорсозии сулҳу субот ва шукуфоӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ намуда, онро ба китобхонаи “Сул”-и Париж тақдим кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.