Дар доираи сафари расмияш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов имрӯз бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров изҳор намудааст, ки ин ташрифро муҳим дониста, бовар дорад, ки ин сафар дар равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳифаи нав боз мекунад ва дар тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо саҳми арзанда мегузорад.

Ба назари мо, самарабахшии ҳамкориҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аз ҳама бештар аз парлумонҳо ва намояндагони парлумонҳо вобастагӣ дорад.

Умедворем, ки муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва ӯзбекистон дар таҳкими равобити дуҷониба дар арсаҳои иқтисод, гуманитарӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим бозида, ба тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат мекунанд.

Бешак, далели муҳим дар таҳкими равобити байнипарлумонӣ ин сафари ҳайатҳои парлумонии ду кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар мебошад. Дар ин робита мо хушҳол ҳастем, ки Шумо даъвати моро пазируфтед ва бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардед.

Ташрифи Шумо таҷассумгари навбатии таҷдиди равобити мо аст ва мо ин ташрифи Шуморо ҳамчун нишонаи равшани шарики стратегии ду кишвар арзёбӣ мекунем.

Барои мо бисёр муҳим аст, ки имконияти деринтизори гуфтугӯи мудовим ва баррасии масоили калидӣ дар равобити ҳамсоягии неки мо ба вуҷуд омад.

Мо муътақидем, ки дар муддати кӯтоҳ мо имкон пайдо мекунем, ки лаҳзаҳои аз дастрафтаро ба даст орем ва робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромада, ҳам дар шаклҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ инкишоф меёбанд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро таърих ва фарҳанги муштарак, муттаҳидии арзишҳои мазҳабӣ бо якдигар мепайвандад. Мардумони мо аз замони қадим паҳлӯи ҳам зиндагӣ карданд, намояндагони миллатҳои мо бо якдигар пайванди хешовандӣ доранд. Ва ин анъанаҳои ҳамсоягии нек ва эҳтироми мутақобила бояд имрӯз ҳамчун асоси устувори ҳамкории мо хизмат кунанд.

Ӯзбекистон шарики стратегии Тоҷикистон аст ва моро лозим аст, ки ин муносибатҳоро тавассути робитаҳои байнипарлумонӣ таҳким бахшем. Мо аз ҷониби худ ҷиҳати тақвияти муносибатҳои васеъ ва самарабахш бо ҳамтоёни бародари ӯзбеки худ омода ҳастем. Аз замони ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ то замони начандон дур муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маҷмӯъ осон набуданд.

Аммо мо дар Тоҷикистон ҳамеша ба он бовар будем, ки дер ва ё зуд дар муносибатҳои бисёрасра ва неки ҳамсоягии мо лаҳзаҳои хубе фаро  хоҳанд расид ва ҳама чиз ба таври муқаррарӣ бармегардад.

Ниҳоят, дар моҳи декабри соли 2016 сарвари кунунии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо боварӣ изҳор дошт, ки ӯ ният дорад, ки муносиботи кишварашро бо ҳамсоягони худ беҳбуд бахшад. Ва Президент ба гуфтааш амал кард.

Ҳамин тавр, дар соли 2017 алоқаи ҳавоии байни Тоҷикистон ва ӯзбекистон кандашуда дубора барқарор шуд, комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва оид ба масъалаҳои делимитатсия ва деморкатсия ба фаъолияти худ оғоз карданд.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тағйири номи боғи «50-солагии ҷавонон»-и шаҳри Душанбе ба номи Низомиддин Алишери Навоӣ рӯйдоди муҳим дар ҳаёти фарҳангии ду миллат шуд.

Дар навбати худ бо қаноатмандӣ тасмими сохтмони муҷассамаи ду намояндаи машҳури адабиёти тоҷику ӯзбек Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ гирифта шуд.

Ҳамчунин, ба мо маълум аст, ки яке аз истгоҳҳои метрои шаҳри Тошканд номи шоири маъруфи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро дорад.

Худи муҳтарам Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 9-10 марти соли ҷорӣ бо сафари давлатӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон 27 санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Сафари давлатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд низ пурмаҳсул буд. Тоҷикистон ва ӯзбекистон дар интиҳои дидору гуфтугӯҳо 26 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Музокироти сатҳи олӣ нишон доданд, ки ҷонибҳо омода ҳастанд, то муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшанд, паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам кор кунанд ва бо боварӣ барои ба даст овардани дастовардҳои нав талош намоянд.

Заминаи қарордодию ҳуқуқие, ки тавассути ҳарду ҷониб фароҳам оварда шудааст, ба ояндаи мо равона шудаанд. Он шароити мусоидро барои муайян кардани зарфиятҳои равобити байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои мухталиф фароҳам меорад.

Дар ин ҳуҷҷатҳо талошҳои чандинасра, ирода ва қотеияти мардумони мо таҷассум ёфтаанд.

Аз ҳама муҳим, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ дар Тошканд 17 августи соли 2018 СОЗИШНОМА ОИД БА ШАРИКИИ СТРАТЕГИ-ро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расониданд, ки дар он ҳадафҳои барқарории равобит ва шарикии устувор, самтҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи стратегӣ муайян шудааст.

Ин сафар сатҳи баландтарини эътимоди сиёсии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро нишон дод ва дар муддати кӯтоҳ масъалаҳои тӯли солҳои дароз муҳимро ҳаллу фасл намуд.

Барои мо имкониятҳои васеъ ҷиҳати мавриди иҷро қарор додани ҳамаи имкониятҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва нақлиётӣ-коммуникатсионии кишварҳои мо ва фаъол шудани мубодилаи фарҳангӣ-гуманитарӣ боз шуданд.

Дар поёни ин мулоқот Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иброз дошт, ки «бо идома додани корҳо бо чунин суръат мо дар кӯтоҳтарин муддат ҳаҷми табодули тиҷоратии худро то 500 миллион доллар мерасонем. Дар ҳақиқат, зарфият – ҳадди ақал 1 миллиард доллар аст».

Оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ бо ҳаҷми 320 МВт дар қаламрави Тоҷикистон дар рӯи дарёи Зарафшон, ҳамчунин омӯзиши масоили истифодаи оби тозаи кӯли Сарез таъки карда шуд.

Дар доираи сафари давлатии худ, ҳамон тавре ки мо медонем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Шумо Нуриддинҷон Муйдинхонович низ мулоқот карданд.

Имрӯз аллакай мушоҳида мешавад, ки санадҳои қабулшуда амал мекунанд. Ҷумҳуриҳо режими раводидро то 30 рӯз аз манъ карданд, парвозҳоро ба эътидол оварданд ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро тақвият бахшиданд.

Танҳо ҳамин сол зиёда аз миллион шаҳрвандони тоҷикистонӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намудаанд ва як миллиону дусад ҳазор шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Тоҷикистон дидан карданд, ки ин аз рушди ҳамкориҳо байни кишварҳои мо шаҳодат медиҳад.

Соҳибкорони Тоҷикистон ва ӯзбекистон дар ҳаҷми тақрибан 100 миллион доллар қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Созишномаҳои мазкур дар ҳамоиши тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, имзо шуданд. Ин маросим дар остонаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии ӯзбекистон баргузор гардид.

Тайи солҳои ахир ҷонибҳо беш аз 180 созишнома ва қарордодро дар ҳаҷми беш аз 730 миллион доллар ба имзо расониданд.

Ҳамаи ин муваффақиятҳо, бешак, дар доираи сиёсати оқилонаи сарони кишварҳои мо – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, муносибати баланди корӣ ва дӯстии бениҳоят наздик ба даст омадаанд.

Мехоҳам таъкид намоям, ки дар барномаи сафари давлатии муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор кардани мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба нақша гирифта шуда буд. Мо суҳбати бисёр пурмуҳтаво анҷом додем. Ба эътиқоди мо, Шавкат Мирзиёев метавонад субот ва рушди динамикии ӯзбекистонро ба шарофати сиёсати оқилона ва муҳаббати самимӣ ба ватан таъмин намояд.

Раиси парлумони касбии мамлакат Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки ҳамкориҳои  байнипарлумонӣ дар шароити имрӯз самти муҳими фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи байналмилалии парлумони кишвар дар назди Маҷлиси намояндагон 53 гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият мекунад. Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо палатаи қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳанӯз дар солҳои аввали ба фаъолият оғоз намудани Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуда буд. Гурӯҳҳои дӯстӣ, албатта, бояд ба нафъи густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи мо фаъолият кунанд, таҷрибаи ядигарро дар самти фаъолияти таҳияи қонун омӯзанд. Ҳамчунин, онҳо бояд оид ба масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст, ки бо роҳи овоздиҳии пӯшида дар асоси меъёрҳои баробарӣ ва мустақими ҳуқуқи интихоботӣ интихоб мешаванд. 22 намоянда тибқи системаи мутаносиб ва 41 вакили дигар тибқи ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.

Аз шумораи умумии вакилон 15 нафар номзадҳои илм, 14 нафар доктори илм, 1 – нафар академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии тоҷикистон, 1 – нафар академики Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 – нафар академики Академияи байналмилалии нақлиёти Федератсияи Россия мебошанд.

Беш аз 20 дарсади вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд.

Дар интиҳои суханронии худ мехоҳам махсус таъкид намоям: мо боварӣ дорем, ки дар доираи рушди ҳамкориҳои бисёрсоҳаи мутақобилаи судманд байни кишварҳоямон равобит байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчунин мазмуну муҳтавои нав касб мекунад. Дар ҳақиқат, моро лозим аст, ки ҳамкориҳои байнипарлумониро тақвият бахшем, то ки барои амалӣ гардидани санадҳои аз ҷониби президентҳои ду кишвар баимзорасида заминаи мусоид фароҳам ояд.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб  ҳамчунин ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.

Дар мулоқот муовини якум, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор  Азизӣ, Хайриниссо Юсуфӣ, Акрамшо Фелалиев ва аъзои гуруҳи дустии Маҷлиси намояндагон  бо  Палатаи қонунгузории Олиӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.