Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъин гардиданд, суҳбат намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамин тавр сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар 23 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иваз карда шуданд.
Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Кушониён, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Панҷ, Восеъ ва Муминободи вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба ва дорои дараҷаи тахассуси баланд таъин гардиданд.
Сардорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, шуъбаҳои №1 ва 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Конибодом ва Истаравшан, ноҳияҳои Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Деваштичи вилояти Суғд низ иваз карда шуданд.
Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат, шуъбаи №1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ноҳияи Шаҳринав, сардори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи милитсия”-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи раёсати вазорат дар нақлиёт таъин гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъиншуда таъкид кард, ки бо дасту дилу нияти пок барои волоияти қонун, таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд.
Президенти мамлакат диққати кадрҳоро махсусан ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгароӣ, пешгирии ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар қонуншиканиҳо ҷалб намуданд.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста