Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ тасдиқ намуд, ки мувофиқи он ҷазо ба табибон барои номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ сангинтар шуд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Насим Олимзода зимни суханронӣ назди вакилон изҳор намуд, ки тибқи тағйироту иловаҳои қабулшуда ба моддаи 129 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ), ҷазо барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби кормандони тиббӣ сахттар мешавад.
“Барои муносибати хунукназарона ва бепарвоёна нисбати беморон, ки ба расонидани зарар ба солимии онҳо боис мегардад, табибон метавонанд ба муҳлати то 8 сол (айни замон 5 сол) аз озодӣ маҳрум шаванд”, - қайд кард вазир.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи вазир, кормандони тиббӣ, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн минбаъд барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ, ки ба бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон боис мегардад, метавонанд ба муҳлати то 10 сол (айни замон то 5 сол) аз озодӣ маҳрум карда шаванд.
Насим Олимзода зикр кард, ки ҳамчунин минбаъд дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ё дорусозӣ ба муҳлати то 12 сол (ҳозир то 8 сол) ҷазо муқаррар шудааст.
Қобили зикр аст, ки зимни машварти кории чанде қабл вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳор намуда буд, ки ёрии аввалияи тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият, ройгон буд, ройгон аст ва ройгон боқӣ мемонад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Visa дар бораи рушди технологияҳои рақамии пардохтӣ дар Тоҷикистон нақл кард
Байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ имзо шуд
То охири сол дар Тоҷикистон пас аз таъмиру навсозӣ 5 роҳи мошингард ба истифода дода мешаванд
Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Италия ва Ватикан рафт
Боздошти 2 ҷавон дар Хатлон барои латукӯби омӯзгор
Филмномаи “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” тасдиқ шуд. Филмбардорӣ кай оғоз мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста