Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 6 декабр дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарони давлатҳои иштирокчии ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии байнидавлатиро дар доираи иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба нақшаҳои кории минбаъда вобаста ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими амнияту бехатарӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои иттиҳод табодули афкор намуданд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласаи ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла муборизаи дастҷамъона ба муқобили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ доранд, низ баррасӣ гардид.
Зимнан зикр мегардад, ки шоми ҳамин рӯз, пас аз анҷоми ҷаласаи ғайринавбатӣ бо даъвати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар театри Мариинскийи шаҳри Санкт-Петербург аз балети “Щелкунчик” дидан карданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста