Шоми имрӯз, 27-уми ноябр, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO) ба Туркманистон сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.

Манбаъ менависад, дар сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, сардори “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Пагоҳ, 28-уми ноябр, дар Ишқободи Туркманистон нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ECO) баргузор мегардад.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1985 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис ёфтааст. Қароргоҳи ин созмони минтақавии байниҳукуматӣ дар шаҳри Теҳрони Эрон аст.

Тоҷикистон соли 1992 дар баробари Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, аъзои ин созмон шуд.

Ёдовар мешавем, моҳи августи соли равон, Хусрав Нозирӣ бо ризояти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Дабири кулли ин созмон таъйин шуд. Ӯ то ин дам ҳамчун муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард.