Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба хонаи яке аз кушташудагони даргириҳои охири марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон рафтааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ба иттилои дафтари матбуот ӯ ба пайвандони сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Обидҷон Тӯйчиев, ки дирӯз кушта шуд, аз номи ҳукумати Тоҷикистон изҳори тасаллият намудааст.
«Гуруҳи корӣ гуфтушунид анҷом дода, сабабҳои рух додани вазъ омӯхта мешаванд. Раиси вилоят гуфт, ки дарди дили Шумо сокинони марзӣ дарди дили мо аст», - менависад дафтари матбуоти раиси вилоят.
Ба иттилои манбаъ раиси вилоят зимни мулоқот гуфтааст вазъи баамаломада зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раванди ҳалли масъалаҳои марзиро зери назорати худ гирифта, барои ҳалли саривақтии он мақомоти дахлдорро вазифадор намудааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон даргирии навбатӣ сар зад, ки дар натиҷа 2 сокини Исфара кушта ва ҳудуди 20 тани дигар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани 11 нафар шаҳрванди худ хабар медиҳад. Тоҷикистон Қирғизистонро барои оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд, аммо кишвари ҳамсоя моро гунаҳкор медонад.
Обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи июн: ҳарорат баъзан то 45 дараҷа гарм мешавад
Дар бархе аз маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мешавад
Гумонбари сеюми парвандаи куштори оилаи Маҳмадовҳо дар Ҷайҳун низ аз баёноташ даст кашид
Дар конфронси парлумонии Боку раиси парлумони Тоҷикистон дар чӣ бора изҳори назар кард?
Туркманистонро боз 490 қазоқтабори дигар тарк мекунанд
Шиносномаҳои рӯзноманигори таҳқиқгари қирғиз Болот Темировро бекор кардаанд
Президенти Радиои Озодӣ ҳамла ба журналистонро дар Душанбе маҳкум кард
Куштани як марди 40-сола дар пайи як даргирӣ дар Мастчоҳ
Даргузашти Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, руҳонии саршиноси кишвар дар синни 70-солагӣ
Бонувони Тоҷикистон аз медалҳо дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон бенасиб монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста