Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Миср 10 март дар шаҳри Қоҳира бо cарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорию сармоугзорӣ, инчунин раиси Сенати ин кишвар дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни мулоқот бо сарвазири Миср тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, бахусус нассоҷӣ, дорусозӣ, коркарди нахи пахта ва чарм, истихроҷу коркарди маъданҳо, сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо аз самтҳои ояндадору барои ҷонибҳо судовар номида шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳарчи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, коммуникатсия, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ ва дар дигар бахшҳои гуманитариву фарҳангӣ изҳор доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, ҳамкории байнибонкӣ, амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ, рушди сайёҳӣ, саноати дорусозӣ ва дигар самтҳо табодули афкор намуданд.

Рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг, тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои иҷтимоиву гуманитарӣ ба мисли тандурустӣ, дорусозӣ, кор бо ҷавонон, таҳкими робитаҳо миёни воситаҳои ахбори оммаи ду кишвар ба манфиати кор унвон шуд.


Дар ҷараёни вохӯрӣ бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар, ки дар доираи Анҷумани соҳибкорони соҳибкорони Тоҷикистон Миср доир гардид, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳоло дар кишвар зиёда аз 90 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 4 млрд доллар амалӣ шуда истодааст.

“Қонунгузории амалкунандаи мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст, - гуфт президент. - Узвияти кишвари мо дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ шаҳодати мутобиқ будани қонунгузории он ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад”.

Зимнан таъкид шуд, ки бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар, Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои судбахш дар соҳаҳои гидроэнергетика, иртибототу нақлиёт, кишоварзӣ, алоқа ва бунёди инфрасохтори саёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.

“Ҳоло барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла нахи пахта ва алюминийи аввалия то маҳсулоти ниҳоӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шуда, ҷиҳати рушди ин соҳаҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои махсус қабул гардидаанд”, - гуфт ӯ.

Зимни мулоқот бо раиси Сенати ин кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз раиси сенати Ҷумҳурии Арабии Миср даъват карданд, ки аз Тоҷикистон боздид ба амал оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.