Тоҷикистон ва Чин масоили рушди минбаъда ва густариши ҳамкориҳоро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангу маориф ва тандурустӣ, инчунин соҳаи тандурустӣ ва кишоварзӣ баррасӣ карданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзси ШуМин мулоқот анҷом дод.
Тавре ки хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси шаҳр хабар медиҳад, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
“Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Чин ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд”, - зикр мешавад дар хабар.
Инчунин ҳавасмандии ҳар ду ҷониб ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкориҳо миёни шаҳрдории Душанбе ва Чин дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, гуманитарӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таъкид шуд.
Гуфта мешавад, ба сафорати Чин дар Тоҷикистон барои мусоидат дар расонидани кумаки моддии Ҳукумати Чин дар шакли ваксинаҳои зидди короновирус дар давраи паҳншавии ин бемории сироятӣ ва техникаҳои коммуналии замонавӣ изҳори сипос карда шуд.
Зикр мегардад, ки дар рафти музокирот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн баррасӣ шуд.
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Visa дар бораи рушди технологияҳои рақамии пардохтӣ дар Тоҷикистон нақл кард
Байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ имзо шуд
То охири сол дар Тоҷикистон пас аз таъмиру навсозӣ 5 роҳи мошингард ба истифода дода мешаванд
Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Италия ва Ватикан рафт
Боздошти 2 ҷавон дар Хатлон барои латукӯби омӯзгор
Филмномаи “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” тасдиқ шуд. Филмбардорӣ кай оғоз мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста