Душанбе. 11 апрел. «Азия-Плюс» - | Марзбони тоҷик дар қисми сарҳадии Шӯробод кушта шуд.

Тавре ба «АП» сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қувваҳои сарҳадбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Хушнуд Раҳматуллоев иттилоъ дод, воқеа дар дидбонгоҳи Хирманҷо шаби аз 10 то 11 апрел ба вуқӯъ пайваст.

«Аскари қаторӣ Маҳмадумар Холови 20 сола дар бунгоҳи Кишт адои вазифа мекард ва мавриди ҳамлаи ноогаҳона аз тарафи муқобил қарор гирифта бо ду тир кушта шуд», -хабар доданд дар хадамоти марзӣ.

Тафтиши ҷойи ҳодиса натиҷае надод. Ба гуфтаи Раҳматуллоев қочоқбарони афғон эҳтимолан дар қаламрави худ пинҳон шуданд.