Душанбе. 15 апрел. «Азия-Плюс» - | Дар шарқи Тоҷикистон, дар мавзеи Болошаҳри ноҳияи Рашт, таърихи 14 апрел, миёни нерӯҳои давлатӣ ва афроди ношиноси мусаллаҳ даргирӣ ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад манбаъ дар яке аз мақомотҳои қудратӣ. «Дар натиҷаи задухурд 3 корманди ВКД ва 1 тан корманди ниҳоди махсус кушта шуданд», иттилоъ дод манбаъ. Ҷангҷӯён аз ҷои ҳодиса ғайб заданд, амалиёти ҷустучӯйи идома дорад афзуд манбаъ.
Ба иттилои як манбаи дигар дар мақомоти қудратӣ, дар натиҷаи бархурд 8 ҷангҷӯ ва ду тан корманди ниҳодҳои давлатӣ ба ҳалокат расиданд. Маълумоти манобеи ғайрирасмӣ мухталиф буда пайдо кардани иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир, ба «АП» муяссар намешавад.
Дар хусуси оғози амалиёти махсус алайҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи Мулло Абдулло ба «АП» cубҳи рӯзи панҷшанбе манобеъ аз иҳотаи наздикон ва тарафдорони собиқ нерӯҳои мухолифин хабар доданд. Дар ВКД ва Вазорати дифоъи Тоҷикистон ин хабарро рад намуда гуфтанд, ки дар қаламрави ноҳияи Нурободи вилояти Рашт машқҳои оперативӣ-тактикии неруҳои қудратии кишвар, бо истифода аз техникаи ҳарбӣ гузаронда мешавад.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста