Сагҳо барои ёфтани маводи мухаддар дар фурӯдгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва инчунин кофтукоби манзили зисти гумонбарони ҷиноят истифода мешаванд.

Дар раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар панҷ саги рус бо лақаби Дина, Филя, Барби, Гита, Лора ва як овчаркаи олмонӣ - Ханна хидмат мекунанд. Дина ва Филя дар ёфтани маводи нашъадор хеле фаъоланд.

Аз сӯи ин гурӯҳи кофтукобии  «чорпойҳо» дар соли 2008 - 100 килограмм, соли 2009 - 154 килограмм ва соли 2010 - 118 килограмм маводи нашъадор ошкор карда шуд.