Душанбе. 23 май. «Азия-Плюс» — То ба имрӯз нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба андозаи 95% ба иҷро расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матуботи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе пурра ба иҷро расида, дар ВМКБ он ба андозаи 97,3%, вилояти Суғд – 90% ва ноҳияҳои тобеи марказ – 93%-ро ташкил медиҳад.

Ба қавли мавсуф, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ба унвони роҳбарони шаҳру навоҳие, ки пеш аз мӯҳлат иҷрои нақшаро таъмин намуданд, номаи сипос ирсол кардааст.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати хатмӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ санаи 1-уми апрел оғоз ёфта, то 31-уми май идома хоҳад ёфт. Барои ташкили маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмат дар сатҳи зарурӣ дар кишвар таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ситоди ҳукуматӣ таъсис дода шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи кишвар, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар ҷавонон даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати харбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.