Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бори нахуст дар тамринҳои байнулмилалии низомии махсуси тактикии ҳомиёни сулҳ таҳти унвони «Уқоби биёбон» (Степной орёл-2011) дар Қазоқистон, ки аз соли 2003-юм инҷониб доир мегардад, ширкат хоҳанд варзид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, Тоҷикистонро дар машқҳои низомии мазкур, ки моҳи августи соли ҷорӣ баргузор мешаванд, гурӯҳи фаврии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ намояндагӣ хоҳад кард. «Соли равон баргузории тамринҳои мазкур бо иштироки низомиёни қазоқ, амрикоӣ, бритонӣ, қирғиз, литовӣ ва тоҷик ба нақша гирифта шудааст», - гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, дар доираи тамринҳо амалиёти ошкор ва нобуд сохтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, пешгирии тазоҳуроти ғайримуташаккили ногаҳонии оммавӣ, аз мин безараргардонии қитъаҳо ва вазифаҳои воҳидҳои ҳомиёни сулҳ доир карда мешаванд. «Санҷиши ҳамоҳангии фаъолияти артиши Қазоқистон бо нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) зимни иҷрои амалиёти таъмини сулҳу субот, беҳбуди малакаҳои амалии фармондеҳон ҳангоми идоракунии мунтазами воҳидҳо ва ҳамчунин роҳандозии амалиёти мутақобила миёни онҳо зимни амалиёти таъмини сулҳ аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии баргузории тамрин маҳсуб меёбанд», - афзуд Фаридун Маҳмадалиев.

Қобили зикр аст, ки соли равон низомиёни Тоҷикистону Литва ва Қирғизистон бори нахуст дар ин тамринҳо ширкат мекунанд.