Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — Додгоҳи Аврупо истирдоди собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраевро аз Русия ба Тоҷикистон манъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати Низомхон Ҷӯраев Анна Ставитская изхор дошт, онҳо ба Додгоҳи Аврупо оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон 23-юми майи соли равон муроҷиат карда, аллакай рӯзи 26-уми май президенти Палатаи Додгоҳи Аврупо ин муроҷиатро баррасӣ ва қарори манъи истирдорди Низомхон Ҷӯраевро аз Русия ба Тоҷикистон қабул кардааст.

Адвокат зикр намуд, ки акнун ҳукуматдорони Русия дар ҳама гуна ҳолат ҳуқуқ надоранд, ки Ҷӯраевро ба Тоҷикистон диҳанд, зеро Русия Конвенсияи Аврупо оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосиро ба тасвиб расонида, мутаносибан иҷрои ҳамаи қарорҳои Додгоҳи Аврупо барои Русия ҳатмианд. «Дар арзу шикоятҳои худ мо ишора намудем, ки қазияи Низомхон Ҷӯраев ангезаи сиёсӣ дорад ва дар ватан ба мавриди азобу шиканҷа қарор додани ӯ эҳтимоли зиёд меравад, - иброз медорад ӯ. – Масалан, ба мо маълум аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон наздикону ҳамкорони Ҷӯраверо маҷбур мекунанд, ки муқобили ӯ гувоҳӣ диҳанд. Ба муддати аз 3 то 25 соли зиндон маҳкум кардани 31 нафар ҷонибдорони Ҷӯраев як воқеъаи пурсарусадое буд ва миёни онҳо низ шахсоне мавҷуданд, ки онҳоро бо истифода аз шиканҷа ба додани баёнот муқобили ӯ маҷбур сохтаанд. Ба мо дар ин хусус аризаи хаттии 15 нафар расидааст ва мо метавонистем бештар чунин аризаҳо ҷамъ оварем, вале барои исботи фармоишӣ будани парванда хамин миқдор ҳам кифоя аст».

Ба қавли Ставитская, боз яке аз далелҳое, ки ба Додгоҳи Аврупо пешниҳод гардид, сабти гуфтугӯйи яке аз адвокатҳо бо додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон аст ва аз он маълум мешавад, ки ба ин кор шахсони воломақоми Тоҷикистон муносибат доранду «тақдири Ҷӯраев кайҳо ҳал шудааст».

Адвокат мӯътақид аст, ки парвандаи Низомхон Ҷӯрев аз ҷониби як гурӯҳе, ки хоҳиши азхуд кардани моликияти ӯро доштанд, рӯйи кор омада, онҳо ба мақомоти раҳбарии кишвар дар ин хусус маълумоти дурӯғу носаҳеҳро мерасониданд.

Дар ҳамин ҳол, номбурда ҳамчунин зикр кард, ки рӯзи 2-юми июн Додгоҳи Олии Русия шикояти Ҷӯраев ва ҳимояи ӯро ба қарори додгоҳи шаҳрӣ бобати истирдоди собиқ вакил баррасӣ карда, онро бетағйир боқӣ гузошт. «Қарори мазкури Додгоҳи Олии Русия ба тақдири Ҷӯраев ҳеҷ таъсире нахоҳад расонид, зеро қарори Додгоҳи Аврупо афзалиятнок маҳсуб меёбад ва агар Русия аз иҷрои қарори Додгоҳи Аврупо даст кашад, нисбат ба он таҳримҳо ҷорӣ карда хоҳанд шуд ва Русия то кунун қарорҳои Додгоҳи Аврупо, аз ҷумла нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон Ҳайдаров, Хоҷаев ва Ғаффоровро сарфи назар накардааст», - таъкид дошт Ставитская.

Дар робита ба масъалаи тақдири минбаъдаи Н.Ҷӯраев адвокат мегӯяд, акнун ӯро бояд озод кунанд, вале санаи ба озодӣ баромадани ӯ ҳанӯз маълум нест. «Мутобиқи талаботи Кодески ҷиноӣ-мурофиавии Русия, ӯ метавонад муддати 18 моҳ дар ҳабс қарор дошта бошад, вале чун ӯро барои истирдод боздошта буданд, пас дар робита ба қарори Додоҳи Аврупо, ин чора бекор мешавад ва шояд ӯро пеш аз мӯҳлат ҳам ҷавоб диҳанд. Ба ҳар ҳол, мӯҳлати боздошти ӯ моҳи феврали соли оянда ба анҷом мерасад», - афзуд адвокат.

Акс аз ОИ REGNUM