Намояндагони Тоҷикистону Русия ва ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли СААД Валерий Семериков дар бораи ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи саноати ҳарбӣ протокол ба имзо расониданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти СААД, рӯзи 20 апрел дар Душанбе ҷаласаи муштараки ҳайати Шӯрои коллегияи комиссияи ҳарбӣ-саноатии Русия оид ба масоили ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодӣ дар чаҳорчӯби СААД ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, корхонаву ташкилотҳои комплекси ҳарбӣ-саноатии Тоҷикистон доир гардид.

Дар Протоколи ҷаласа, ки аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо - муовини раиси коллегияи комиссияи ҳарбӣ-саноатии Русия Олег Бочкарёв ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода ба имзо расид, тадбирҳои амалӣ оид ба роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ ва ҳамгиройӣ миёни корхонаҳои комплекси ҳарбӣ-саноатии Русия ва Тоҷикистон дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ССАД) бар асоси Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъии 15 майи соли 1992 аз ҷониби кишварҳои узви ИДМ баимзорасида таъсис дода шуд. Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон кишварҳои узви СААД мебошанд. Охири моҳи июни соли 2012 Ӯзбекистон эълон кард, ки узвияти худ дар Созмонро бозмедорад.