Сафорати Амрико дар ҳушдори навбатиаш ба шаҳрвандони амрикоие, ки қасди сафари Тоҷикистонро доранд, гуфтааст, ҳарчанд дар ин авохир дар ин кишвар ҳамлаҳои террористӣ сурат нагирифтаанд, вале хатари чунин ҳамлаҳо дар 6-12 моҳи охир афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 16 июн дар ҳушдори навбатиаш ба шаҳрвандони амрикоии роҳии Тоҷикистон навиштааст, ки таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар дар моҳҳои охир афзудааст.

Дар ин ҳушдор аз ҷумла гуфта мешавад: "Ҳарчанд дар ин авохир дар Тоҷикистон ҳамлаҳои аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ созмонёфта сурат нагирифтааст, вале хатари чунин ҳамлаҳо дар 6-12 моҳи охир ғолибан афзоиш ёфтааст. Як силсила аз созмонҳои террористӣ метавонанд қасди анҷоми ҳамлаҳо дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла ба зидди манфиатҳои Амрико ва ба зидди сафорати Амрикоро ба роҳ андозданд.”

Бо дарназардошти ин шароит ва вазъият сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони амрикоӣ чанд машварат додааст:

- Дар атрофи марзи Афғонистон аз эҳтиёт кор бигиред ва дар соатҳои шабонгоҳӣ дар минтақаҳои аҳолинишин бимонед.

- Аз маконҳои ҷамъомади издиҳоми бузург ва аз истифода нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаддалимкон худдорӣ кунед.

- Роҷеъ ба ончӣ дар атрофатон мегузарад, бохабар бошед ва ба фаъолиятҳои ғайримуқаррарӣ бо диққат муносибат кунед.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта низ аз таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар ҳушдор дода буд.