Фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия генерал-полковник Владимир Заруднитский ҳолати омодабоши аслиҳа ва ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистонро месанҷад. Ин санҷиш ба воҳидҳои ҳомии сулҳи русиягӣ, ки қаблан барои омӯзиш ба машқгоҳҳои ношинос интиқол ёфта буданд, низ дахл хоҳад дошт.

Шабакаи телеизиону радиои «Звезда» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон Заруднитский бо ҳайати раҳбарии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ дидору гуфтушунид карда, дар ин вохӯриҳо вазъ дар самти стратегии Осиёи Марказӣ баррасӣ ва натиҷаҳои тамринҳои анҷомёфтаи «Душанбе-Зиддитеррор-2017» мавриди таҳлил қарор мегирад. Зимни гуфтушунидҳо ҷонибҳо ба масъалаи андешидани тадбирҳо ҷиҳати фаъолияти муштараки фаврии мақомоти идоракунӣ ва ҷузъу томҳои артиши кишварҳо табодули назар мекунанд.

Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия дар қаламрави се ҳавзаи федералӣ ва 29 субъекти Русия мустақар шудааст. Ба сохтори ин ҳавзаи бузурги Қувваҳои Мусаллаҳ як қатор иншооти воқеъ дар хориҷи ҳудуди Русия, аз ҷумла пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон, пойгоҳи ҳавопаймоии Кант дар Қирғизистон ва воҳидҳои ҳарбӣ дар қаламрави Қазоқистон дохил мешаванд.