Пас аз тамринҳои бузургмиқёси низомӣ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 7 нафар раисони ноҳияҳои вилояти Суғд ба унвони афсари эҳтиётӣ соҳиб шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, унвонҳои аз лейтенант то подполковники эҳтиётӣ ба раисиони ноҳияҳо аз ҷониби вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо дода шуда, раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо ифтихорномаи Вазорати мудофиаи қадрдонӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки тамринҳои низомӣ аз 14 то 17 август дар ду машқгоҳи Суғд - Чоруқдарон ва Нурафшон доир гардида, дар онҳо ҳамаи қисмҳои низомии гарнизони Суғд, кормандони сохторҳои қудратӣ ва афсарону сарбозони эҳтиётӣ аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят иштирок кардаанд.

Дар маҷмӯъ ба ин тамринҳо беш аз 30 ҳазор нафар афсарону сарбозон, 10 адад авиатсияи ҷангӣ, 200 адад техникаи зиреҳпӯш, 70 адад артилеррия ва 450 адад автомашинаҳои низомӣ сафарбар шудааст.

Ба ҷузъу томҳое, ки ба ин тамринҳо сафарбар шуданд, шахсан вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо фармондеҳӣ кардааст.

Дар тамринҳо тарзу усулҳои муҳосира ва несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпешаи ба қаламрави вилоят воридшуда, масъалаҳои ташкили мудофиаи қаламрав ва сафарбарии афсарону сарбозону эҳтиётӣ мавриди таҷрибаву омӯзиш ва амал қарор дода шуданд.

Зимни ҷамъбасти натиҷаҳои тамрин Шералӣ Мирзо қайд кардааст, ки баҳри таъмини ҳаёти осоиштаи аҳолӣ, сулҳу субот ва тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави кишвар, сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, намояндагони тамоми сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва хизматчиёни ҳарбии эҳтиётии артиши миллӣ бояд ҳамеша ба сар задани ҳама гуна ҳолат омода бошанд.