Ду нафар мардон ва як нафар занро хадамоти махсуси Афғонистон ду моҳ пеш боздошт карда буданд. Айни замон онҳо дар Душанбе қарор дошта, нисбаташон мутобиқи моддаи «Зархаридӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сокини 34-солаи ноҳияи Муъминобод Сафаргул Одинаева ва писараш - Умари 5-сола, сокини 33-солаи шаҳри Ҳисор Хушнуд Махсумов ва сокини 31-солаи шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Ҳасановро хадамоти махсуси Афғонистон ба гумони даст доштан дар терроризм ҳанӯз ду моҳ пеш боздошт намуда буданд.

«Боздоштшудагонро мақомоти Афғонистон ҳафтаи гузашта ба ихтиёри Тоҷикистон супурда, Умари ноболиғ ба волидони модараш дода шуд», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, нисбати истирдодшудагон, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд, мутобиқи моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Зархаридӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз маълум шудааст, ки онҳо ба Афғонистон тариқи транзит бо Россия ва Эрон рафтаанд. Хадамоти махсуси Афғонистон аз онҳо шиносномаҳои қалбакии афғониро мусодира намудаанд. Аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала манбаъ худдорӣ кард.