Нимаи дуюми имрӯз дар яке аз қисмҳои ҳарбии артиши Тоҷикистон дар канори пойтахт маросими ба Тоҷикистон супурдани аслиҳа, техникаи зиреҳпӯш ва чархболҳо доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод.

Аввали моҳи октябри соли 2012 зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкорӣ бобати бо аслиҳаву муҳимот ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ таъмин кардани Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуда буд.

Қаблан аксари коршиносони тоҷик изҳор дошта буданд, ки тӯл кашидани қабули қарорҳо оид ба ин масъала, узвияти Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба дарозо кашида буд.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати мудофиаи Русия дар бораи ба ихтиёри Тоҷикистон супурдани аслиҳаи тирандозӣ, артиллерӣ, силоҳи зиреҳпӯши танкӣ ва чархболҳо хабар дод.

«Дар чаҳорчӯби ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ байни Русия ва Тоҷикистон, аслиҳа, аз ҷумла воситаҳои алоқа ва мудофиаи зиддиҳавоӣ барои таҳкими посбонии марз бо Афғонистон дода мешаванд», - омадааст дар маълумоти Вазорати мудофиаи Русия.

Дар маълумот қайд мешавад, ки аслиҳаи тирандозӣ, артиллерӣ, силоҳи зиреҳпӯши танкӣ (техникаи зиреҳпӯши БТР-80, машинаҳои ҷангии пиёдагардон БМП-2, танкҳои Т-72 ), чархболҳо ( Ми-8 ва Ми-24), воситаҳои алоқа ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, амволи ақибгоҳ, таҷҳизоти тиббӣ ва топографӣ  ба ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон супурда мешаванд.

Гуфта мешавад, ба ихтиёри Тоҷикистон супурдани аслиҳаву муҳимот ва техникаи ҳарбӣ дар доираи иҷрои Барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки воситаи калидии баланд бардоштани иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон асту ба тавсеаи имконоти мубориза бо таҳдиди террористӣ ва таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон имкон медиҳад, амалӣ мешавад.