Ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ба санаи 23 феврали соли 2018 рост меояд, пуршукӯҳ таҷлил мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ба ифтихори ҷашн дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарбозону афсарони гарнизони пойтахт гузашти низомӣ доир мегардад.

«Алҳол шумори сарбозону афсароне, ки дар сафороии низомӣ иштирок мекунанд, маълум нест, ҳамчунин то ҳол дар бораи чӣ миқдор ба гузашт ҷалб кардани техникаи ҳарбӣ ва авиатсия тасмим гирифта нашудааст», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ба муносибати ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар тамоми қисмҳои низомӣ, воҳидҳо ва ҷузъу томҳои низомии кишвар баргузории чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, нашри китобу таҳияи филмҳо ва вохӯриҳо бо собиқадорон ба нақша гирифта шудааст.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.